20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Доналд Туск

994
Нимаи дуюми дирӯз дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Доналд Туск мулоқот кард.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат иброз дошт, ки «Тоҷикистон ба таҳкими робитаҳо бо Иттиҳоди Аврупо, ниҳодҳои гуногуни он ва тамоми кишварҳои аъзои ин ниҳод манфиатдор аст ва мо Иттиҳоди Аврупоро шарики муҳим ва боэътимоди хеш дар арсаи байналмилалӣ мешуморем".
Ҷонибҳо аз рушди мунтазами муносибатҳои тарафайн дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, гуманитарию фарҳангӣ ва амниятӣ, тандурустӣ, маориф ва рушди деҳот, қонунгузорӣ ва пойдории демократия изҳори қаноатмандӣ карданд.
Вобаста ба беҳтар намудани сатҳи иқтисодӣ-иҷтимоӣ дар Афғонистон ва беҳтар гардидани вазъи амниятӣ ва субот дар ин кишвар, амалӣ намудани лоиҳаю барномаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ, мисли сохтмони роҳҳои мошингард ва оҳан, кашидани хатҳои барқ, сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ ва бунёди корхонаҳои пуриқтидор дар ҳудуди Тоҷикистон, ки ба манфиати тамоми мардуми минтақа аст амри зарурӣ дониста шуд
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин ба масоили вобаста ба амну суботи минтақаи Осиёи Марказӣ, вазъи амниятӣ дар Афғонистон ва хатару таҳдидҳои муосир таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, изҳор доштанд, ки муқовимати якҷоя алайҳи ин хатарҳо идома хоҳад ёфт.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво