28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко

535
Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқот намуданд.

Дар суҳбати самимии сарони давлатҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Беларус мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус аз сатҳи хуби ҳамкории ду давлат дар доираи ИДМ ёдовар шуда, натиҷаҳои муваффақонаи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви ИДМ-ро дар шаҳри Душанбе боз як имконияти дигари таҳкимбахши ин ҳамкорӣ арзёбӣ намуданд.

Аз рушди бемайлони муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Беларус дар ҳама сатҳу зинаҳо ва заминаҳои созгори ҳуқуқии онҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва доир ба дурнамои муносибатҳои ду давлат дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, бахусус саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва робитаҳои илмию фарҳангӣ табодули афкори судманд сурат гирифт.

Ҷонибҳо муҳимияти тақвияти робитаҳои доираҳои корию тиҷоратии Тоҷикистон ва Беларусро барои бунёди корхонаҳои муштарак дар комплекси агросаноатӣ ва истеҳсоли маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар Тоҷикистон таъкид намуданд.

Барои татбиқи нақшаҳои тарҳрезишуда вобаста ба коркарди муштараки маҳсулоти гӯшту шир истифодаи имконияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва Беларус зарур шумурда шуд ва рафти татбиқи лоиҳаи муштараки бунёди боғҳои дарахтони мевадор дар вилоятҳои Брест ва Гомели Беларус қаноатбахш арзёбӣ гардид.

Дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо ҳамчунин ба масъалаи густариши робитаҳои фарҳангӣ — гуманитарӣ, таҳким ва тавсеаи фазои иттилоотӣ-фарҳангӣ, мулоқоти доираҳои илмӣ, эҷодӣ ва ходимони санъату адабиёт ва баргузории рӯзҳои фарҳанг дар кишварҳои ҳамдигар таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво