18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Япония Синдзо Абэ

498
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Япония Синдзо Абэ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Шуморо ба муносибати муҷаддадан интихоб гардиданатон ба ҳайси Раиси Ҳизби Либерал-демократии Япония самимона табрик ва таҳният менамоям.

Боиси қаноатмандист, ки муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкории гуногунарсаи судманди кишварҳоямон ба таври муассир густариш ёфта, тобишҳои ҷадиду созанда пайдо кардаанд.

Таҳкими робитаҳои дӯстона бо Япония яке аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Бинобар ин, мо ба рушди муносибатҳои худ бо кишвари Шумо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем ва ҷонибдори инкишофу нумӯи ҳар чи бештари онҳо дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем.

Ҷониби Тоҷикистон барои тақвияти ҳар чӣ бештари ин муносибатҳо саъю кӯшиши заруриро ба харҷ хоҳад дод.

Ба Шумо, ҷаноби Сарвазир, сиҳҳатии комилу дар масири иҷрои вазифаҳои пурмасъулият пирӯзиҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Япония – пешрафт, саодат ва сулҳу амонӣ орзумандам».




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво