29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

575
13.09.2018, ноҳияи Мурғоб

Ҳамватанони азиз!

Пеш аз ҳама, ба шумо – намояндагони мардуми сарбаланди ноҳияи Мурғоб барои истиқболи самимӣ арзи сипос намуда, кулли сокинони ноҳияро ба ифтихори ҷашни бисту ҳафтсолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон табрик мегӯям.

Ба хонадони ҳар як сокини ноҳия файзу баракат, рӯзгори ободу осуда ва дар талошҳои ҳаррӯзаатон барои ободии ноҳия ва пешрафти сарзамини муқаддасамон барори кор орзумандам.

Рӯзи сеюм аст, ки сафари кории мо дар диёри воқеан куҳанбунёду зебоманзари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, яъне дарвозаи тиллоии Тоҷикистон идома дорад.

Мехоҳам таъкид намоям, ки дар диёри баландкӯҳи Мурғоб мардуми воқеан заҳматдӯсту кавиирода ва мушкилнописанд кору зиндагӣ доранд ва онҳо ҳамеша барои беҳтар шудани шароити рӯзгору ободии маҳалли зист ва пешрафти ноҳияи худ саъю талош карда, дар фазои ваҳдату дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ кору фаъолият мекунанд.

Ҳукумати кишвар ҳанӯз аз нахустин солҳои истиқлолият бо мақсади таъмин намудани рушди минтақаҳо ва ноҳияҳои дурдасту баландкӯҳ, аз ҷумла ноҳияи Мурғоб аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда истифода карда, барои беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум ва пешрафти босуботи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ ҳамаи чораҳоро андешида истодааст.

Дар тӯли бисту ҳафт соли истиқлолият дар оҳияи Мурғоб аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногун ба маблағи умумии 284 миллион сомонӣ зиёда аз 140 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ва инфрасохторӣ бунёду азнавсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шудааст ва 70 фоизи маблағҳои азхудшуда танҳо ба се соли охир рост меояд.

Тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои аввалиндараҷаи беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар солҳои 2005-2009» барои таъмини аҳолии ноҳия бо молҳои ниёзи аввалия, муассисаҳои иҷтимоӣ бо ангиштсанг, муассисаҳои таълимӣ бо ҷойи нишасти иловагӣ ва маводи хониш 14 миллион сомонӣ равона карда шудааст.

Тибқи «Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» аз ноҳияи Мурғоб зиёда аз 1600 сар қутос харидорӣ карда шуда, ба ин мақсад аз буҷети давлатӣ ва аз ҳисоби сармоягузорон дуюним миллион сомонӣ равона гардидааст.

Дар «Барномаи давлатии омӯзиш ва арзёбии захираҳои металлҳои нодир барои солҳои 2016-2026» иҷрои корҳои ҷустуҷӯиву арзёбӣ дар зуҳуроти кони Ясногор пешбинӣ гардида, ба ин мақсад аз буҷети давлатӣ зиёда аз 8 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин, дар доираи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» корҳои ҷустуҷӯиву арзёбӣ дар зуҳуроти титани Башгумбез, Барфӣ ва кони флюорити Чамбой ба нақша гирифта шудаанд.

Танҳо дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат барои дастгирии буҷети ноҳия 115 миллион сомонӣ маблағ равона гардида, ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самти бунёди иншооти энергетикиву коммуникатсионӣ ва саноатӣ қариб 200 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

Илова бар ин, қариб нисфи маблағҳои дар доираи татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мурғоб барои солҳои 2016-2020 азхудшуда, ки 121 лоиҳаро ба маблағи умумии 214 миллион сомонӣ дар бар мегирад, маблағҳои буҷети давлатӣ, лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва сармояи хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Дар зарфи дуюним соли татбиқи барнома 11 иншооти нав ба истифода супорида шуда, дар 17 иншоот ба маблағи 18 миллион сомонӣ корҳои бунёдкорӣ бомаром идома доранд.

Дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои ноҳия зиёда аз 10 миллион сомонӣ равона гардида, аз ҳисоби маблағи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ техникаву таҷҳизоти зарурӣ харидорӣ карда шудааст.

Ҳукумати кишвар барои рушди минбаъдаи инфрасохтори иҷтимоиву коммуникатсионӣ, пешрафти соҳаҳои кишоварзиву саноат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии ноҳияи Мурғоб маблағгузории буҷетиро тибқи барномаҳои гуногуни соҳавӣ мунтазам афзоиш дода истодааст.

Тавре ки мушоҳида мекунем, симои маркази ноҳия, хусусан, дар давоми солҳои охир хеле дигаргун шудааст. Имрӯз мо боз як қатор иншооти саноативу энергетикӣ ва биноҳои маъмуриро мавриди истифода қарор додем, ки барои бунёди онҳо 194 миллион сомонӣ маблағ сарф гардидааст.

Аз ҷумла барои сохтмони бинои сеошёнаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист, ки дар он, ҳамчунин, осорхонаву мағозаи фурӯши молу маснуоти ҳунарҳои мардумӣ ва меҳмонхона ҷойгир шудааст ва бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 14 миллион сомонӣ хароҷот шудааст.

Ҳамчунин, дар мавзеи Якҷилваи деҳоти Аличур аввалин корхонаи калони саноатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — корхонаи ғанигардонии маъдани нуқра ба фаъолият оғоз кард.

Барои бунёди корхонаи мазкур беш аз 90 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб гардида, дар марҳалаи аввали фаъолияти он 195 нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин карда мешаванд.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол истихроҷи 50 ҳазор тонна маъдан ва истеҳсоли хокаи нуқра дар ҳаҷми 12,5 ҳазор тонна мебошад.

Маҳсулоти корхона асосан ба содирот нигаронида шуда, минбаъд зарур аст, ки дар он коркарди ниҳоии нуқра ва дигар намудҳои маъдану сангҳои қиматбаҳо ба роҳ монда шавад.

Барои истифодаи самараноки иқтидору захираҳои ноҳия, пеш аз ҳама, беҳдошти шароити инфрасохтори коммуникатсиониву энергетикӣ зарур аст.

Бо ин мақсад, ҳанӯз ҳашт сол пеш, яъне соли 2010 ҳангоми оғози корҳои таҷдиду азнавсозии нерӯгоҳи барқи обии “Оқсу” таъкид карда будам, ки баробари ба фаъолият шуруъ кардани нерӯгоҳи мазкур мушкилоти барқ дар ноҳия ва умуман, дар вилоят пурра бартараф мегардад.

Имрӯз барои сокинони ноҳия рӯзи хотирмон ба ҳисоб меравад, зеро мушкилоти аҳолии ноҳия доир ба таъминоти нерӯи барқ пурра бартараф карда шуд.

Бо истифода аз фурсат, тамоми сокинони ноҳияи Мурғоб ва вилоятро ба муносибати оғози фаъолияти нерӯгоҳи барқи обии “Оқсу” табрик мегӯям.

Корҳои азнавсозии нерӯгоҳи барқи обии “Оқсу”, ки дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеролии Олмон амалӣ гардид, ба маблағи зиёда аз 90 миллион сомонӣ ба анҷом расонида шуданд.

Баъд аз навсозӣ иқтидори он аз 800 ба 1500 киловатт-соат зиёд гардида, ҷиҳати дар фасли зимистон ба таври муназзам фаъолият кардани нерӯгоҳ дар наҳри обгузар масолеҳи замонавӣ, аз ҷумла геомембрана ва геотекстил истифода шудааст.

Бо истифода аз фурсат, мехоҳам барои бо сатҳу сифати муосир бунёд гардидани нерӯгоҳи имрӯза аз номи Ҳукумати мамлакат ба роҳбарияти Бонки рушди Олмон, инчунин, ба ҳамаи лоиҳакашон, ширкатҳои пудратӣ ва муҳандисону сохтмончиён, ки дар шароити душвор заҳмат кашида, ба сокинони ноҳия хизмати шоистаро анҷом доданд, изҳори сипос намоям.

Дар давоми се соли бунёди нерӯгоҳ қариб 1000 нафар мутахассисон ва муҳандисону коргарон бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин карда шуданд, ки ин боиси беҳбудии рӯзгори сокинони минтақа гардид.

Дар баробари бунёди нерӯгоҳ хатҳои интиқоли барқ ба масофаи зиёда аз 110 километр азнавсозӣ карда шуданд, ки дар натиҷа сатҳу сифати таъминоти зиёда аз 7,5 ҳазор сокинони ноҳия бо барқ хеле беҳтар гардид.

Чанде пеш бо мусоидати Бонки Осиёии Рушд барои аҳолии деҳоти дурдасти ноҳияи Мурғоб ба маблағи зиёда аз як миллион сомонӣ 90 маҷмӯъ таҷҳизот, аз қабили дастгоҳ барои истеҳсоли нерӯи барқ, яхдон, телевизор ва воситаҳои равшанӣ харидорӣ ва насб карда шуд.

Бо насбу васл карда шудани таҷҳизоти зикршуда, мушкилоти 85 хоҷагии ноҳия, инчунин, мактабу бунгоҳи тиббии деҳоти Булункӯл, Чечекдеҳ, дидбонгоҳи сарҳадии Харгӯшӣ ва иншооти танзимкунандаи об ҳал гардид.

Ҳозирини арҷманд!

Ноҳияи Мурғоб Тоҷикистонро тавассути ду гузаргоҳи аҳаммияти байналмилалидошта — Қизил Арт–Саритош ва Кулма-Қарасу бо кишварҳои ҳамсояи Қирғизистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой мепайвандад.

Яъне қисми асосии шоҳроҳи байналмилалии мошингард, ки Тоҷикистонро бо кишварҳои бузург ва бандарҳои обӣ мепайвандад, тавассути ин ноҳия мегузарад.

Ҳар сол ба ҳисоби миёна аз 8 то 10 ҳазор мошинҳои боркаш бо зиёда аз 100 ҳазор тонна молу маҳсулоти гуногун гузаргоҳи байналмилалии Кулма-Қарасуро убур мекунанд.

Маҳз бо дарназардошти нақши бисёр муҳимми ин масъала, Ҳукумати кишвар барои таҷдиду азнавсозии роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ лоиҳаҳои давлатии сармоягузориро амалӣ намуда, барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани онҳо маблағҳои буҷети давлатӣ, қарзҳои имтиёзнок ва грантҳои шарикони рушдро равона карда истодааст.

Ҳукумати мамлакат дар баробари татбиқи лоиҳаи Мурғоб-Кулма, ки масофаи он 33 километр ва арзиши лоиҳавиаш зиёда аз 140 миллион сомониро ташкил медиҳад, инчунин, ҳоло дар доираи лоиҳаи “Барқарорсозии роҳи автомобилгарди Душанбе — Кӯлоб-Хоруғ-Мурғоб” қитъаи Хоруғ –Мурғоб — Кулмаро барои маблағгузорӣ ба шарикони рушд пешниҳод намудааст.

Илова бар ин, Вазорати нақлиёт ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро зарур аст, ки ҷиҳати таъмиру барқарор намудани роҳҳои ҳудуди вилояту ноҳия, дар ҳамаи фаслҳои сол дар ҳолати хуб нигоҳ доштани онҳо ва бо техникаву таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудани муассисаҳои соҳа мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Бояд гуфт, ки дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои таҷдиду барқарорсозии роҳҳои мошингарди ҳудуди ноҳияи Мурғоб имконияти рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва хизматрасониву сайёҳӣ васеъ мегардад.

Бо қарори Ҳукумати мамлакат воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрук ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолият аз пардохти андоз аз фоида озод карда шудаанд.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Кумитаи рушди сайёҳиро зарур аст, ки дар баробари таъмиру барқарорсозии роҳҳо, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди сайёҳӣ, махсусан, кӯҳнавардиву шикор ва сайёҳии табобатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Қобили зикр аст, ки ноҳияи Мурғоб барои рушди соҳаи чорводорӣ, алалхусус, қутоспарварӣ захираву имкониятҳои хеле зиёд дорад.

Сокинони ноҳия дар ин самт, таҷрибаи хуб доранд ва бояд барои зиёд кардани саршумори қутос ва таъмин кардани аҳолӣ ба гӯшти хушсифати парҳезӣ боз ҳам бештар кӯшиш намоянд.

Итминони комил дорам, ки сокинони ватандӯсту қавииродаи ноҳияи Мурғоб минбаъд низ барои ободу пешрафта гардонидани диёри худ, беҳтар намудани шароити зисти ҳар як оила, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, тарбияи дурусти фарзандон ва барои хизмати содиқона ба халқу Ватан омода кардани онҳо аҳлона саъю талош мекунанд.

Наврасону ҷавонони мо, ки давомдиҳандагони кору фаъолияти насли имрӯза мебошанд, бояд худшиносу худогоҳ бошанд, арзишу дастовардҳои давлати соҳибистиқлоли худро гиромӣ доранд, шукронаи сарзамини маҳбубамонро ба ҷо оранд ва барои ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон омода бошанд.

Бори дигар кулли сокинони матиниродаи ноҳияи Мурғобро ба ифтихори бисту ҳафтсолагии истиқлолияти давлатӣ ва ифтитоҳи иншооту биноҳои навбунёди имрӯза табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо саломативу хушбахтӣ ва иқболи нек орзу менамоям.

Ҳамеша сарбаланду сарфароз бошед, ҳамдиёрони азиз!




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво