20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

505
2 сентябри соли 2018 дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни иҷрои барномаҳои давлатӣ, дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Роштқалъа ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Беморхонаи вилоятии касалиҳои рӯҳӣ, воқеъ дар ноҳияи Роштқалъаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Пешвои миллат бо шароити фароҳамовардаи ин иншооти тандурустӣ шинос шуда, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи ин муассисаи замонавиро дар рӯзҳои истиқбол аз 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат ба кормандони соҳа арзёбӣ намуданд.

Бинои Беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ дар майдони қариб 2 гектар доман густурда, дорои 129 ҳуҷра ва 84 кат барои бистарикунонии беморон мебошад. Бино аз ду ошёна иборат буда, се бинои ба ҳам пайвастро дар бар мегирад ва дорои ҳама шароити сатҳи баланди хизматрасонӣ ба маризон мебошад. Дар беморхона се шуъба, аз ҷумла мардона, занона ва кӯдакона ба беморон хизмат мерасонанд. Ҳама ҳуҷраҳои табибону маризон ба системаи гармидиҳии мутамарказонидашуда пайваст буда, тавассути қувваи барқ ва ангиштсанг гарм карда мешаванд. Беморхона ҳамчунин дорои ҳаммом, утоқи либосшӯйӣ буда, дар он чор ошхона низ бунёд гардидаанд.

Мавриди истифода қарор гирифтани чунин муассисаи муосири тандурустӣ дар ноҳияи Роштқалъа мушкилоти чандсолаи табибону беморонро пурра рафъ кард.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво