25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Оғози навсозии роҳҳои ҳудуди шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон

603
Рӯзи 6 сентябр дар доираи вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи ҷашни бузурги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон навсозии роҳҳои ҳудуди шаҳраки Ёвон оғоз гардид.

Бунёду навсозии роҳу пулҳои мошингард ва таҷдиди як қатор инфрасохтори муҳими мамлакат, дар заминаи дастуру супоришҳои мушаххаси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳия ва ҳисси баланди миллӣ анҷом дода мешавад.

Навсозии роҳҳои мошингард дар ҳудуди шаҳраки ноҳияи Ёвон мувофиқи меъёрҳои муосир амалӣ гардида, тибқи лоиҳа 16 километрро дар бар мегирад.

Аснои шиносоӣ бо лоиҳаи таҷдиду навсозии роҳҳо иттилоъ дода шуд, ки роҳҳои мошингарди ҳудуди ноҳияи Ёвон солҳои 70-ум ва 80-уми асри гузашта сохта шудаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо лоиҳаи навсозии роҳҳо дар кӯчаи Абдураҳмони Ҷомии шаҳраки Ёвон ба корҳои таҷдиди навсозӣ расман оғоз бахшиданд.

Дастур дода шуд, ки зимни татбиқи лоиҳаи навсозии роҳҳо тамоми нозукиҳои роҳсозӣ, хосса инфрасохтори зарурии он ба инобат гирифта шуда, таҷдиди роҳ бо сифати баланд анҷом дода шавад.

Тавре маълум гардид, бо назардошти зарурати навсозӣ, дар маҷмӯъ 16 километр роҳҳои шаҳраки Ёвон бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ таҷдид мегарданд ва он бояд то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.

Дар асоси тарҳи навсозии 16 километр роҳи ҳудуди шаҳраки Ёвон паҳноии қисмати ҳаракати нақлиёт то 18 метрро дар бар гирифта, он мутобиқ ба меъёри муосири шаҳрсозӣ амалӣ мешавад.

Таъмири куллӣ ва мумфаршсозии сифатноки роҳҳо аз ҷониби мутахассисони ширкатҳои ватании роҳсозӣ, аз ҷумла, “Ғаюр-1” иҷро шуда, дар ҷараёни он техникаҳои пуриқтидори роҳсозӣ ҷалб мегарданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво