29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Истиқболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Боку

534
9 августи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Боку — пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Боку меҳмони олиқадр — Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми ҳукумати ин кишвар самимона истиқбол гирифтанд.

Дар доираи сафари расмӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ва дигар роҳбарони воломақоми ин кишвар мулоқот анҷом дода, вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки 12 июли соли 2012 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷон сурат гирифта буд ва ҳамон вақт баъди муҳокимаи масъалаҳои муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ 10 санад ба имзо расид.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво