28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба истифода додани муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Конибодом

751
Худи ҳамин рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории хеш дар маркази шаҳри Конибодом боғи фарҳангӣ-фароғатиро, ки дар он муҷассами шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудаанд ифтитоҳ намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанвӣ парда аз болои муҷассамаи барқади аввалин асосгузори давлати тоҷикон-шоҳ Исмоили Сомонӣ бардоштанд.

Муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳри Конибодом бо санъати баланди ҳайкалтарошӣ дар асоси сиёсати фарҳангдӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфтааст.

Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот моҳи марти соли 2018 аз ҷониби ҶДММ «СМС»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз ёфта, бо сифати баланд ва намои назаррабо сохта шуд. Фармоишгари он Идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мебошад.

Қомат афрохтани муҷассами шоҳ Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, дар навбати аввал, нишона аз таърихи пурғановати халқи тоҷик гувоҳӣ медиҳад ва дар замири ҳар фард эҳсоси баланди ватандориву худшиносиро бедор месозад.

Гулгашти тозабунёд ва сохтани муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ рамзи сарбаландии таърихи кӯҳани халқи тоҷик ва оини ватандории аҷдодони бошарафи мо дар қалби ҳар сокини шаҳри Конибодом нақш мегузорад.

Зимни боздид Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои корҳои босифат изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи ишооти мазкурро Корхонаи фаръии воҳиди давлатии “Лоиҳакаш”-и вилояти Суғд таҳия кардааст. Барои сохтмони он тақрибан 8 миллион сомонӣ харҷ гардидааст. Бояд зикр намуд, ки масоҳати боғи фарҳангӣ – фароғатӣ 9 ҳазору 500 метри мураббаъ буда, дар он муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ бо баландии 7,5 метр сохта шудааст.

Сохта ба истифода додани муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ рамзи ватандӯстӣ ва шинохти таърих дар Рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ барои сокинони шаҳри Конибодом мояи ифтихор ва сарфарозист.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво