29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба истифода додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 29 дар шаҳри Конибодом

618
Субҳи имрӯз дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Конибодом ташриф оварданд. Пешвои муаззами миллатро сокинони шарафманди шаҳри Конибодом бо самимияти хоса ва шукргузории беандоза аз фазои сулҳу суботи саросарии Ватани маҳбуб истиқбол гирифтанд.

Дар деҳаи Ҷаҳонзеби Ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 29-ро дар фазои тантанавӣ расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин муассисаи нави таълимӣ дар заминаи таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шудааст.

Сохтмони бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 29 дар деҳаи Ҷаҳонзеби шаҳри Конибодом дар асоси супориши бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мусоидат ба раванди бонизоми таълим, моҳи марти соли 2016 бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оғоз гардида буд. Маблағи умумии бунёди иншоот 12,8 миллион сомониро ташкил дода, пудрачии корҳои сохтмонӣ ҶДММ КММ №44-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад.

Бинои нави сеошёна аз 22 синфхона, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ барои 200 нафар, устохонаҳои таълимӣ барои писарону духтарон, ошхона бо 90 ҷой, китобхона бо толори хониш ва бинои алоҳида барои маҳфили рӯзгордорӣ иборат буда, аз нуқтаи ягонаи гармидиҳӣ бо гармӣ таъмин карда мешавад. Бино барои 1320 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи омӯзгорону шогирдон ва падару модаронро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба ифтихори ифтитоҳи ин боргоҳи илму маърифат самимона таҳният гуфтанд ва ба мактаббачагон дар ҷодаи азхудкунии илмҳои замонавӣ комёбиҳо орзу намуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво