28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Ширкати “Чайна глобал” Хуанг Ҷийен Ронг

476
11 июн дар доираи сафари корӣ дар музофоти Хэнани Ҷумҳурии Мардумии Чин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як зумра ширкатҳои бонуфузи Чин, ки бо ворид кардани сармоя, таъсиси корхонаҳои муштарак дар пешрафти иқтисодиёти кишвари мо саҳм мегузоранд, мулоқот карданд.

Зимни суҳбат бо роҳбари Ширкати “Чайна глобал” Хуанг Ҷийен Ронг масъалаи таҳкиму густариши ҳамкорӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармояи чинӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ бо истифода аз фазои мусоиди сармоягузорӣ муҳокима карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар кишвари мо барои ривоҷ додани соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ, ҷалб намудани сармояи хориҷӣ, технологияҳои нави истеҳсолӣ, ба кор даровардани иқтидорҳои нави саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, таъмини сокинони маҳаллӣ бо кор, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, равнақ додани инфрасохтори минтақаҳои саноатӣ ва зиёд намудани маҳсулоти саноатии содиротшаванда имкониятҳои фарох мавҷуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин доир ба густариши ҳамкорӣ дар дигар бахшҳои иқтисодию сармоягузорӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво