18 декабр 2018, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Машварати корӣ

117
21 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири ҷумҳурӣ, аъзои Ҳукумат ва роҳбарони як қатор сохторҳои давлатӣ машварати корӣ доир карданд.

Машварати корӣ

Дар кори машварат масъалаҳои рафти иҷрои қонуну қарорҳо, дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати бунёдкорӣ, дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат, дастгирии иқдомҳои шоистаи шаҳрвандони кишвар, тадбирҳои муҳими омодагӣ ба ҷашни умумимиллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, натиҷагирии мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, инчунин иҷрои корҳои хайру савоб дар моҳи шарифи Рамазон, баррасӣ гардида, оид ба амалӣ сохтани онҳо гузориши Сарвазир ва роҳбарони аввали вазорату идораҳои давлатӣ шунида шуд.

Бо дарназардошти пуштибонии амиқи мардум аз талошу тадбирҳои ояндадори роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, натиҷагирии мулоқоти Сарвари давлат бо фаъолони ҷомеа баҳри ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ, иншооти хизматрасонии маишӣ, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолӣ ва таъмири роҳҳои маҳаллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва роҳбарони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамаи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини зиндагии сазовори мардум ба роҳ монда шудааст, аз ин ру Президенти мамлакат дастур доданд, ки оид ба татбиқи саривақтии онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво