20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон

618
Нимаи дуюми рӯзи 16 май сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфта, Александр Лукашенко аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Минск баргашт.

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро бо нишони эҳтирому самимияти баланд ва бо расму оини аҷдодии хоси меҳмоннавозии тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Беларус бо ҳайати бонуфузи расмии кишвараш рӯзҳои 14 то 16 май бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор доштанд.

Ба хотири истиқболи меҳмони олимақом кӯчаву хиёбонҳои пойтахт -шаҳри Душанбе қабои идона дошт. Аксҳои Сарони давлатҳои Тоҷикистону Беларус, парчамҳои давлатии ду кишвар ва шиорҳои тараннумкунандаи дӯстии ду халқи ба ҳам бародар, шаҳри Душанберо оро медод.

Зимни ин сафари бобарор Александр Лукашенко бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбату мулоқотҳои самимию созанда доир карданд.

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон

Аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки бахшҳои тиҷорату иқтисод, илму маориф, тандурустӣ саноат, мудофиаи гражданӣ, кишоварзӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва сармоягузориро дар бар мегиранд. Акнун шумораи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Беларус ба наздики 100 адад расид.

Руйдоди муҳими ин сафари расмӣ баргузории форуми соҳибкорони Тоҷикистон, Беларус, Афғонистону Ӯзбекистон, иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистону Беларус дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи молу маҳсулоти Беларус ва ба истифода додани марҳилаи аввали корхонаи муштараки тракторсозии Тоҷикистону Беларус дар шаҳри Ҳисор мебошад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво