20 октябр 2018, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеи бунёди Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе

113
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар доираи вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ дар шаҳри Душанбе дар боғи Сангини шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз мавзеи бунёди ангоравии Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» боздид ба амал оварданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки масоҳати умумии боғи Сангин, ки дар он Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» сохта мешавад, 8,5 гектарро ташкил медиҳад. Барои зебову назаррабо гардондани атроф, гулгаштҳо ва роҳравҳои назди Маҷмаа дарахтони гуногуни сояафкану ороишии ҳамешасабз шинонида шудаанд.

Имрӯз барои дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин макон ба мавзеи сабзу хуррам табдил дода шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз мавзеи сохтмони Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» изҳор доштанд, ки иншооти нав бояд бо санъати баланди меъмории миллӣ ва бо сифати баланд бунёд карда шавад. Зеро Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» дар оянда ба макони таърихӣ, зебову дилфиреб ва сайру гашти сокинону меҳмонони пойтахт табдил хоҳад ёфт.

Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе бо мақсади ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, таҷассуми рукнҳои муҳими давлатдорӣ, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва дар қалби шаҳрвандони мамлакат ҷой додани ғояҳои Истиқлолият ва озодӣ, инчунин ба хотири 30 — солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешавад.

Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврас, бедор сохтани ҳисси ватанпарастӣ дар қалби ҷавонон арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва комил гардондани истироҳату фароғати сокинони пойтахт тадбирҳои муҳиму саривақтиро роҳандозӣ менамояд.

Бо сохта ба истифода додани Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» боз як гӯшаи шаҳри Душанбе ободу зебо мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ва сохтмончиён барои анҷоми корҳои босифат дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулин изҳор доштанд, ки дар оянда низ бо вусъат додани корҳои созандагию бунёдкорӣ, сабзгардонӣ ва фароҳам сохтани шароити аз ин беҳтар барои сокинону меҳмонони пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе дар мавзеи Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони нодири сояафкан шинонида шуда, ин ҷо ба макони назаррабо табдил дода мешавад.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво