20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ифтитоҳи «Чойхонаи миллӣ» дар ноҳияи Ҳисор

1299
Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои бахшида ба 3000-солагии Ҳисор ва ифтитоҳи иншооти сершумори ҷашнӣ ба ин мулки зарнисор ташриф овард.

Роҳбарият ва намояндагони сершумори мардуми шукргузори Ҳисори шодмон Сарвари давлат ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти олӣ истиқбол гирифта, аз бунёдкорию созандагие, ки тайи 2 соли охир боиси ободонию шукуфоии бесобиқаи ин мулки бостонӣ гардид, арзи сипосу қадрдонӣ карданд.

Дар доираи таҷлили ҷашни 3000 – солагии Ҳисори шодмон, дар ҳудуди ин ноҳияи бостонӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама чойхонаи ғайриоддӣ ва боҳашамати миллиро ифтитоҳ намуд, ки аз ҷиҳати услубу шакл дар миқёси олам ҳамто надорад.

Корҳои сохтмонӣ ба ифтихори таҷлили сазовори 3-юмин ҳазорсолаи Ҳисор дар ин мавзеъ моҳи сентябри соли 2014-ум оғоз гардида, дар рафти тадбирҳои бунёдӣ сараввал 250 бинокори маҳаллӣ ва бо ривоҷ ёфтани корҳои сохтмонӣ то имрӯз беш аз 650 нафар ба шуғл фаро гирифта шудаанд.

Бинои боҳашамат ва ғайриоддии Чойхонаи миллӣ дар асоси фармоиш ва фаъолияти Корпоратсияи Баракат, аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Шаҳрофар тарҳрезӣ гардида, дар муддати кӯтоҳ бунёд гардид.

Чойхонаи миллӣ, ки аз рӯи услуби хоси меъморӣ бо риояи анъанаҳои бостонии шаҳрсозӣ дар шакли харбуза сохта шудааст, 43 метр баландӣ, беш аз 100 метр дарозӣ ва 55 метр паҳноӣ дорад.

Дар заминаи ин лоиҳаи ғайриоддии сохтмонӣ, дар ошёнаи якум бо 1600 метри мураббаъ толор дорои беш аз 1000 ҷойи нишаст, 2 утоқи корӣ барои кормандон ва дастаҳои ҳунарӣ, 5 ошхонаи муосир бо технологияи ҳозиразамони аз ҷиҳати экологӣ тоза ва бепартов бунёд шудааст.

Толори асосӣ бо масоҳати беш аз 2 ҳазор метри мураббаъ бо 1300 ҷойи нишаст, долони барҳаво ва дигар шароити замонавии хизматрасонӣ дар қабати дуюми бино, ки шакли харбузаро дорад, ҷойгир шудааст.

Бо бунёди ин нуқтаи муосири хизматрасонӣ барои қариб 100 нафар ҷойи кори доимӣ муҳайё гардид.

Дар асоси тарҳи ғайриоддӣ, ки бо такя ба унсурҳои хоси меъмории миллӣ амалӣ гардидааст, тамоми маводи сохтмонӣ ва ороишӣ аз ашёи хоми ватанӣ истифода шуда, бинои асосӣ ба шакли харбуза бунёд шудааст.

Ин Чойхонаи миллӣ дар масоҳати 4,5 га сохта шуда, гирду атрофи он бо намудҳои гуногуни ниҳолҳои ороишӣ ва навъҳои мухталифи гулу буттаҳо оро ёфтааст.

Оянда дар ҳудуди 22 гектари атрофи ин чойхона ҳамчунин боғи фарҳангию фароғатӣ бунёд хоҳад ёфт.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво