20 октябр 2018, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

«Эмомалӣ Раҳмон-асосгузори давлатдории муосири тоҷик» — китоби нав бахшида ба фаъолияти 25-солаи сиёсии Пешвои миллат

145
Дар матбааи нашриёти «Контраст»-и шаҳри Душанбе китоби тозаэҷоди соҳибкори донишманд Абдуқаҳҳор Холов ва доктори илмҳои таърих, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Зафар Сайидзода бо номи «Эмомалӣ Раҳмон — асосгузори давлатдории муосири тоҷик» ба нашр расид. Ин асари таҳлилӣ аз се боб иборат аст, ки ба масъалаҳои раванди поягузории давлатдории муосири точик, ташаккулу густариши худшиносии миллӣ ва сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибихтиёр бахшида шудаанд. Китоб теъдоди зиёди суратҳои ранга дошта, дар сатҳи баланди полиграфӣ мунташир гаштааст.

Ҳамаи рӯйдодҳои сарнавиштсозе, ки дар тӯли чаҳоряк аср дар Тоҷикистон рух додаанд, бо номи сиёсатмадори барҷаста, абармарди сулҳофарин, Пешвои эътирофшудаи миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки бо ҳисси масъулият дар пеши имрӯзиён ва наслҳои оянда давлати мардумсолор эҷод намуда, ба ин восита миллати куҳанбунёди тоҷикро дар пеши ҷаҳониён соҳиби обрӯю манзалат намудааст, пайванди ногусастанӣ доранд.

Дар ин китоб, ки ба фаъолияти 25-солаи сиёсии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, муаллифон кӯшидаанд нишон диҳанд, ки агар сиёсатмадор манфиатҳои сарзамини модарӣ ва халқи хешро дар мадди аввал қарор диҳад ва барои ободию шукуфоии сарзамини аҷдодӣ тамоми ҳастии худро бахшад, қодир ба пирӯзиҳои бузург хоҳад буд.

Муаллифон умедвор ҳастанд, ки ин китоб ба хонандагон, бавижа ҷавонон баҳри боз ҳам беҳтар шинохтани чеҳраи хосси Эмомалӣ Раҳмон ва дарёфтани сабабҳои пешрафтҳои чашмгири Тоҷикистони навин, ки маҳсули заҳматҳои арҷмандона ва шабонарӯзии ин шахсияти барҷаста ва Пешвои миллати тоҷик аст, кумак хоҳад кард.










Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво