Ифтитоҳи кӯдакистони нав бо 160 ҷой дар ноҳияи Синои пойтахт

Имрӯз дар ноҳияи Синои пойтахт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Кӯдакистони рақами 68-ро барои 160 кӯдак ифтитоҳ намуданд.

Бинои нави кӯдакистон 2-ошёна буда, аз маҷмӯи иншооти асосӣ ва ёридиҳанда иборат аст. Дар он 6 ҳуҷраи бозии кӯдакон, 6 ҳуҷраи хоб, 1 утоқи ёрирасон, толори мусиқӣ, ошхона ва дигар иншооти асосиву ёрирасон ҷойгир шудааст.

Фармоишгари асосии сохтмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, арзиши умумии иншоот наздики 8 миллион сомониро ташкил медиҳад. Лоиҳа аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Саимо» тарҳрезӣ шуда, корҳои сохтмониро бинокорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кадучӣ» анҷом додаанд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур 25 декабри соли 2016 оғоз ёфта буд.

Барои таъмини пурраи кӯдакистон бо барқ дар тамоми фаслҳои сол 2 адад трансформатори 400 киловата насб шудааст.

Соли ҷорӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пойтахт як қатор мактабу кӯдакистонҳои нав бунёд ва қисми зиёди муассисаҳои таълимиву тарбиявиро азнавсозӣ карданд.

Кӯдакистони рақами 68 низ яке аз чунин марказҳои калони таълимию тарбиявии кӯдакони пойтахт мебошад, ки бо шарофати сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар баҳри фарзандони меҳнаткашон бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво