ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БОРИ ЧОРУМ БА РӮЙХАТИ 500 МУСУЛМОНИ БОНУФУЗТАРИНИ ОЛАМ ШОМИЛ ШУДАНД

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БОРИ ЧОРУМ БА РӮЙХАТИ 500 МУСУЛМОНИ БОНУФУЗТАРИНИ ОЛАМ ШОМИЛ ШУДАНД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори чорум ба рӯйхати 500 мусулмони бонуфузтарини олам шомил шуданд.

Маркази шоҳигарии тадқиқоти стратегии исломии Амон бо дастгирии Маркази ҳамдигарфаҳмии мусалмонону масеҳиёни Ҷорҷтаун рӯйхати навбатии 500 мусулмони бонуфузтаринро тартиб дод (The Muslim 500). Рӯйхат аз соли 2009 инҷониб ҳамасола нашр мегардад.

Дар ин рӯйхат ҳамчунин раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода низ шомил аст.

Дар 50 зинаи аввал чун солҳои қаблӣ исми роҳбари рӯҳониёни исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим Ал-Ҳусайн (Оғо Хони IV) ҳам ҷойгир аст.

Ду сол боз пайи ҳам дар сархати рӯйхати 500 мусулмони бонуфузтарини ҷаҳон исми яке аз рӯҳониёни маъруфи Миср Шайх Аҳмад Муҳаммад Ал-Таййиб қарор мегирад. Пас аз ӯ исми Шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдул-Азиз Оли Сауд ва шоҳи Урдун Абдуллоҳи II ибни ал-Ҳусейн дарҷ гаштааст.

Дар панҷгона ҳамчунин Оятулло Сайид Алӣ Хоманеӣ-роҳбари олии Эрон аз соли 1989 то имрӯз ва президенти Туркия Раҷап Тайип Эрдуғон шомиланд.

Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво