24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ифтитоҳи маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхони Туғрал

1607
18 - уми октябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва мусоидат ба беҳдошти шароити иҷтимоии аҳолӣ ба вилояти Суғд сафар кард.

Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид.

Сокинони ноҳия Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Дар ин ҷо Сарвари давлат дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи назди пайкараи Нақибхон Туғрал Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии ин шоири маъруфи тоҷикро, ки ба ифтихори 150-солагии ӯ бунёд шудааст, ифтитоҳ намуд.

Дар ин чорабинӣ гурӯҳи калони аҳли илму адаб, фарҳанг ва маориф ва пайвандони шоир иштирок доштанд.

Дар назди пайкараи Нақибхон Туғрал 3 сабади гул аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳли илму адаб ва пайвандони шоир гузошта шуд.
Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхон Туғрал дар зодгоҳаш деҳаи Зосуни ноҳияи Айнӣ аз тарафи идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд навсозӣ шудааст.

Арзиши умумии иншоот 5 миллион сомонӣ буда, маҷмаа аз оромгоҳи шоир, фаввора, муҷассамаи барқади шоир ва айвони бо усули меъмории миллӣ кандакоришуда иборат аст.

Тавре аён гардид, оромгоҳи шоир навсозӣ шуда, бо нақшу нигори миллӣ, кошинҳо, гаҷкорӣ ва кандакорӣ оро ёфтааст. Муҷассамаи барқади шоирро Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ғафурҷон Ҷӯраев офаридааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи ин маҷмааро ба ҳамдеҳагон ва мухлисони ашъори пурғановати Нақибхон Туғрал табрику таҳният гуфт.
Дар маросими ифтитоҳи Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхон Туғрал аз номи сокинони ноҳияи Айнӣ омӯзгори пуртаҷриба Субҳия Зоҳидова ва тарроҳи шинохтаи ҷумҳурӣ - абераи шоир Нақибхони Туғрал Мавлуда Ҳамроева бо изҳори сипосу миннатдорӣ суханронӣ карда, ба нақши созандаи пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон баҳри эҳё, рушду густариши таъриху фарҳанг ва маданияти миллӣ, ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани мавзеъҳои таърихӣ ва гиромидошти шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик, чеҳраҳои тобони илму адаби Тоҷикистон баҳои баланд доданд.

Бунёду навсозии маҷмааи таърихӣ-фарҳангӣ дар доираи сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату ҳукумат ба роҳ монда шуда, туҳфаи арзанда барои пайравону мухлисони шоир ва баҳри кулли мардуми водии Зарафшон мебошад.

Дар рӯ ба рӯи Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхон Туғрал манзили истиқоматии шоир қарор дорад, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ҳамчун хона - музейи шоир пурра азнавсозӣ шудааст.

Дар ин ҷо сару либос ва дигар ашёи рӯзгори Нақибхон Туғрал ҳифз шудааст ва осорхонаи зинда барои сокинон ва сайёҳони хориҷӣ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки то имрӯз дар саросари мамлакат дар доираи таҷлили 150 - солагии зодрӯзи шоир чорабиниҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ доир гардид, ки дар онҳо оид ба зиндагии шоир, осори тарбиявию пандуахлоқии ӯ ба мардуми соҳибзавқ маълумот дода шуд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво