10 декабр 2018, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

203
7 октябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар рафти суҳбат, ки дар фазои барои муносибатҳои сарони ду давлат хоси самимият ва дӯстона сурат гирифт, Эмомалӣ Раҳмон бо ибрози беҳтарин таманниёт Владимир Путинро ба муносибати 65-солагиаш сидқан табрик намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба обрӯ ва эътибори баланди Владимир Путин дар паҳнои Россия ва берун аз ҳудуди он ишора карда, нақши муассири ӯро дар раванди рушди бемайлони муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи миёни Тоҷикистон ва Россия ба таври хоса таъкид карданд.

Қайд гардид, ки талошҳои муштараки ҳадафманд ба хотири таҳкими шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия ҷавобгӯи манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар буда, омили муҳими суботу амнияти минтақа мебошад.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи як қатор масъалаҳои умдаи ҳамкориҳои дуҷониба ва дорои хусусияти байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор анҷом доданд.

Қаблан Сарвари давлати Тоҷикистон унвонии Президенти Федератсияи Россия барқияи табрикотӣ ирсол карданд.







Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво