29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Саҳми назарраси Эмомалӣ Раҳмон дар муаррифии Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон

1285
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки олимон, адибон, сиёсатшиносону коршиносон таҳти унвони «Президент Эмомалӣ Раҳмон - муаррифгари Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон дар Созмони Милали Муттаҳид» мизи мудаввар доир гардид.

Дар нишаст ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Носирҷон Салимӣ, муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев, президенти Академияи илмҳои ҶТ Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомзода ва дигарон дар бораи саҳми назарраси Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти кишвар сухан гуфта, зикр карданд, ки суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмон дар ниҳоду зерсохторҳои Созмони милали Муттаҳид ва ташаббусҳои ӯ баҳри ҳалли мушкилоти мавҷудаи ҷаҳони муосир иқдоми шоиста ва сазовори дастгирианд.

Дар нишаст гуфта шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун муаррифгари миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Имрӯз Тоҷикистон дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи аслиҳа ва одамрабоӣ саҳми худро мегузорад.

Президенти Академияи илмҳои ҶТ Фарҳод Раҳимӣ иброз намуд, ки зимни суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони Милали Муттаҳид масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ баррасӣ гардиданд. Яке аз ин масъалаҳо дар бораи об буд ва Президенти кишвар вобаста ба он гуфт, ки таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ аз масъалаи муҳимтарини ҷаҳони имрӯза мебошад, зеро имрӯз, чун пештара, дар ҷаҳон тақрибан 750 миллион одамон ба оби тозаи ошомиданӣ ва дуюним миллиард ба шароити асосии беҳдошт дастрасӣ надоранд. Ва аз тарафи дигар мушкилоти асосӣ- ин тағйирёбии глобалии иқлим ва вазъи демографӣ мебошад. Мувофиқи арзёбии коршиносон то соли 2050 аҳолии сайёра зиёда аз 9 миллиард нафарро ташкил дода, ин ба афзоиши мутаносиби истеъмоли об боис мегардад. Маҳз ба ин хотир, дар чаҳорчӯбаи Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об Президенти Тоҷикистон пешниҳод кард, ки таҳти шиори «Об барои рушди устувор» Даҳсолаи нави байналмилалӣ эълон гардад.

Мо итминон дорем, ки даҳсолаи нав василаи муҳими дастёбӣ ба ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об хоҳад гашт.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво