25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президент — Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Америка дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт

603
Дар шаҳри Ню-Йорк ҳамчунин мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президент — Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт баргузор шуд.

Аз имкони мулоқоти дуюм дар давоми соли равон изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва таъкид гардид, ки муколамаҳои доимӣ дар оянда ба густариши робитаҳои Тоҷикистон ва Ширкати “Ҷенерал Электрик” такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид.

Ҷонибҳо муҳимияти ҳамкориҳои манфиатборро дар соҳаи энергетика ва истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷалби сармоя барои бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, таҷдиди неругоҳҳои мавҷуда, бунёди хатҳои интиқоли неруи барқ ва таъмини таҷҳизоти муосири энергетикӣ таъкид карда, изҳори боварӣ намуданд, ки истифодаи таҷриба ва имконияти муосири Ширкати “Ҷенерал Электрик” метавонад дар пешрафти соҳаҳои номбаршуда нақши калон гузорад.

Дар мулоқот доир ба дигар паҳлӯҳои манфиатбори ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Штатҳои Муттаҳидаи Америка табодули афкори судманд доир гардид.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво