29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Сардори Ситоди муттаҳидаи Артиши озодибахши Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Зо Чен

604
Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сардори Ситоди муттаҳидаи Артиши озодибахши Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Зо Ченро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои амниятӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистон ва Чин, ки меҳвари муносибатҳои дуҷонибаро ташкил медиҳанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Муҳимияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ таъкид гардида, тақвияти ин ҳамдастӣ ба манфиати тамоми давлатҳои минтақа арзёбӣ шуд.

Тавре таъкид гардид, ҳамкориҳо дар ин самт дар сатҳи зарурӣ идома доранд, вале новобаста ба ин давлатҳо бояд ба муқобилияти фаврӣ бар зидди зуҳуроти наву номатлуби дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ омода бошанд.

Ҳарду ҷониб барои тақвияти ҳамгироӣ ва мусоидати фаъол дар ҳалли қазияи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён дошта, омодагию ҳавасмандии худро барои таҳкимбахшии иқтидорҳои марзбонӣ дар сарҳади байни Тоҷикистон ва Афғонистон, ки аҳамияти рӯзмарра дорад, таъкид намуданд.

Дар мулоқот масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ, ки дар меҳвари сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ қарор доранд, баррасӣ шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво