25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Туркия рушд меёбад

1051
Ҳафтаи равон дар шаҳри Анқара барои иштироки ширкатҳои бонуфузи туркӣ дар Форуми байналмилалии соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе мулоқоти Сaфири Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарипов бо раиси Иттиҳодияи палата ва биржаҳои Туркия Рифат Ҳисарҷиклиоғлу баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика, саноати нассоҷӣ, кишоварзӣ, бунёд намудани корхонаҳои муштараки коркарди меваю сабзавот, сангҳои мармару хоро, нафту газ, иштирок дар лоиҳаҳои манзилӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва маҳсулоти сохтмонӣ, навсозии даромадгоҳҳои гумрукӣ ва барқарорсозии роҳи абрешим мубодилаи афкор намуданд. Дар доираи мулоқот Фаррух Шарипов бо Рифат Ҳисарҷиклиоғлу масъалаҳои маориф, табодули таҷриба барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи гуногуни иқтисодӣ барои гузаштани таҷрибаомӯзии мутахассисони тоҷик дар ширкатҳои бонуфузи туркӣ ва таҳсили шаҳрвандони тоҷикистонӣ дар Донишгоҳи иқтисодӣ ва технологии Иттиҳодияи палата ва биржаҳои Туркияро (ТОББ) матраҳ намуданд. Инчунин зимни ҷаласаи кории Сaфири Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарипов бо раиси Иттиҳодияи пудратчиёни Туркия Миттҳат Йинигун масъалаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи иншоот, энергетика ва корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣӯбаррасӣ гардиданд. Дар ҷараёни вохурӣ, Миттҳат Йинигун ишора намуд, ки моҳҳои наздик аз роҳбарони ассотсиатсияҳо ва ширкатҳои тоҷикӣ ҷиҳати шиносоӣ ва ҳамкорӣ даъват ба амал хоҳад овард.

Зикр намудан зарур аст, ки ин гуна ҳамкорӣ метавонанд ба рушди бештари иқтисоди кишвар ва ҳамкории босамари Тоҷикистону Туркия таҳрик бахшанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво