20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Директори кишварии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Лилия Бурунчук

619
Нимаи дуюми рӯзи 17 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори кишварии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Лилия Бурунчукро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот самтҳо ва имконоти нави густариши ҳамкорӣ баррасӣ гардида, Намояндаи нави доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс муаррифӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгирии лоиҳаи таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии Норак, лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе, инчунин арзёбӣ ва баррасӣ намудани ҳолати пешгирии офатҳои табиӣ ва соҳилмустаҳкамкунии дарёҳои Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот таъсири омилҳои манфии беруна ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон, Барномаи нави шарикӣ бо Тоҷикистон ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 — ро баррасӣ карда, афзалиятҳои ҳамкории минбаъдаро муайяну мушаххас намуданд.

Таъкид шуд, ки афзоиши маблағҳои имтиёзноки грантии Бонки ҷаҳонӣ барои татбиқи ҳадафҳо дар соҳаҳои энергетика, рушди инфрасохтор, истеҳсолоти кишоварзӣ, дастгирии буҷети давлатӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ метавонад омили муҳими таъмини рушди устувор бошад. Ҳамкорӣ дар бахши хусусӣ, инфрасохтори саноатӣ ва иҷтимоӣ, дастгирии бахши кишоварзӣ, афзоиши содирот, ташкили ҷойҳои нави корӣ, тақвият бахшидани неруи инсонӣ барои таъмини босифати пешрафти иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ зарур шумурда шуд.

Таҷдиду тармим ва бунёди роҳҳои оҳану мошингард ва тақвияти дигар самтҳои ҳамкории минтақавӣ аз мавзуъҳои асосии мулоқот буд, ки оид ба амалигардонии онҳо низ таклифҳои судманд пешкаш гардид.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво