Сафари расмии Сарвазири мамлакат ба Давлати Қатар

Рӯзҳои 19-22 юми сентябри соли равон бо даъвати ҷониби Давлати Қатар Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба ин кишвар сафари расмӣ анҷом дод.

Сафари расмии Сарвазири мамлакат ба Давлати Қатар

Барномаи сафари расмии Сарвазири мамлакат ба Давлати Қатар аз сӯҳбату вохӯриҳои хосса бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ва Раиси Девони Вазирон Шайх Абдуллоҳ ибни Носир ибни Халифа Оли Сонӣ, мулоқотҳои судманд бо роҳбарияти бонкҳои бонуфузи сармоягузорӣ ва ширкатҳои маъруфи Давлати Қатар, ҳамчунин ширкат дар муарифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буд.
Қоҳир Расулзода дар мулоқот бо Амири Давлати Қатар паёму шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ расонида, барои таваҷҷуҳи доимии Амири ин давлат ба муносибатҳои дуҷониба изҳори сипос намуд.

Дар мулоқоти доираи васеи ҳайатҳои ҳукуматии ду давлат масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо баррасӣ шуд. Аз ҷониби Тоҷикистон бо таъкиди намунаи олии ҳамкориҳои дуҷониба дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки сохтмони маҷмааи «Диёри Душанбе» ва Масҷиди бузурги Душанбе иловатан таъсиси бонки сармоягузории Қатар, Бунёди рушди қатарӣ барои маблағгузории лоиҳаҳои хурду миёнаи саноатӣ, ширкатҳои муштараки машваратӣ ҷиҳати таҳия ва омӯзиши лоиҳаҳои ҷолиби сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ байни Душанбе ва Давҳа пешниҳод карда шуд.Таклифу пешниҳодоти ҳайати Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти ҳукумати Қатар қобили қабул дониста шуда, таъкид гардид, ки барои амалӣ намудани ин лоиҳаҳо ҷониби Қатар дар оянда саъй хоҳад кард.

Сафари расмии Сарвазири мамлакат ба Давлати Қатар

21-уми сентябри соли 2015 дар шаҳри Давҳа бо иштироки доираи васеи соҳибкорону тоҷирон ва роҳбарияти бонкҳои бонуфузи сармоягузории Давлати Қатар муарифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни суханронии худ дар ин чорабинии муҳим аз имкониятҳои бузурги сармоягузорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабук ва хӯрокворӣ, сохтмон, истихроҷи канданиҳои фоиданок ва нафту газ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва имкониятҳои афзуни рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, доираи соҳибкорону тоҷирон ва сармоягузорони Давлати Қатарро барои сармоягузории тарҳу лоиҳаҳои мавриди таваҷчуҳ ва ба роҳ мондани ҳамкории манфиатбор бо ҷониби Тоҷикистон даъват намуд. Дар муарифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Давҳа баргузор шуд аз ҷониби Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдо, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво