Идомаи шиносоӣ Сарвари давлат бо сохтмони нерӯгоҳи Роғун

Рӯзи дуюми сафар ба шаҳри Роғун Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаҳои дигари бунёди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, аз ҷумла майдончаҳои назоратӣ, нақбҳои нақлиётию сохтмонӣ, коллекторҳои обпарто, толори трансформаторҳо, нақби пиёдагард, толори агрегатҳо ва нақбҳои ноқилгузар бо рафти корҳо аз наздик шинос шуд.

Идомаи шиносоӣ Сарвари давлат бо сохтмони нерӯгоҳи Роғун

Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки шумораи техникаю таҷҳизоти имрӯза барои оғози сохтмони сарбанд ва ба кор даровардани навбати якуми нерӯгоҳ басанда аст.

Зикр карда шуд, ки то 1-уми июли соли 2015 аз мавзеъҳои зериобмонанда 30 миллиону 700 ҳазор метри мукааб сангу шағал ба анборҳои дар баландиҳо ҷойдошта кашонда, захира карда шудааст ва ин кор бомаром идома дорад.

Идомаи шиносоӣ Сарвари давлат бо сохтмони нерӯгоҳи Роғун

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз шароити фароғатӣ, ошхона, бунгоҳи тиббӣ ва ғайра пурсон шуда, ба масъулин барои муҳайёсозии беҳтарин шароит супоришҳои иловагӣ дод.

Коргарону мутахассисони нерӯгоҳ изҳор доштанд, ки вусъат бахшидани корҳо дар ин иншоот, иҷрои саривақтии нақшаи тақвимӣ, риояи технологияи иҷрои корҳо, талаботи меъёрҳои амалкунанда ва назорати сифати корҳои сохтмонӣ ҳамеша таҳти назорат қарор доранд.

Идомаи шиносоӣ Сарвари давлат бо сохтмони нерӯгоҳи Роғун

Дар ҷараёни шиносоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аён гардид, ки корҳо дар ҳама ҷо бо сифати баланди ҷавобгӯй бо стандартҳои байналмилалӣ, тибқи тавсияҳои коршиносони муътабари Бонки ҷаҳонӣ ва бо рӯҳияи баланди бунёдкорию созандагии бинокорон идома доранд.

Идомаи шиносоӣ Сарвари давлат бо сохтмони нерӯгоҳи Роғун

Пас аз анҷоми шиносоӣ бо рафти корҳои барқарорсозӣ мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва муҳандисону бинокорони нерӯгоҳи Роғун дар назар аст.

Идомаи шиносоӣ Сарвари давлат бо сохтмони нерӯгоҳи Роғун

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво