29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Навидҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Лоиҳаи намунавии беморхонаи касалиҳои сироятӣ барои 175 ҷой

Ба диққати масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳрҳо!

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи намунавии беморхонаи касалиҳои сироятӣ барои 175 ҷойро дар заминаи лоиҳаи шуъбаи бемориҳои сироятӣ барои 200 ҷой дар Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара таҳия намуда, бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ мувофиқа намудааст.

Лоиҳаҳои кории қисмҳои нақшаи генералӣ, ҳалли меъморию тарҳбандӣ, технологӣ, конструктивӣ, шабакаҳои муҳандисӣ ва иншооти ёрирасон, ки дар нақшаи генералӣ пешбинӣ шудааст, таҳия карда шуда, аз экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ гузаронида шуданд.


Масъулини мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳрҳо барои дастрас намудани лоиҳаи кории беморхонаи сироятӣ барои 175 ҷой ба ҶСК “Корезлоиҳа” (шаҳри Душанбе, хиёбони Неъмат Қарабоев, 54/2 телефон: 233-18-73) муроҷиат намоянд.

Барои дастрасии маълумоти иловагӣ шахсони масъул метавонанд ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш.Ҳусейнзода, 36, бо телефонҳои 223-02-00, 227-36-59, почтаи электронии info@tajsohtmon.tj ва ё сомонаи www.tajsohtmon.tj муроҷиат намоянд.

Лоиҳаҳои намунавии беморхонаи касалиҳои сироятӣ барои 30 ва 50 ҷой

Ба диққати масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ!

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 38 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе ва мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли 2020 баён доштанд, бо мақсади то ҷашни 30– солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд намудани беморхонаҳои касалиҳои сироятӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ лоиҳаҳои намунавии беморхонаи касалиҳои сироятиро барои 30 ва 50 ҷой таҳия намуда, бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ мувофиқа намудааст.

Лоиҳаҳои кории қисмҳои нақшаи генералӣ, ҳалли меъморию тарҳбандӣ, технологӣ, конструктивӣ, шабакаҳои муҳандисӣ ва иншооти ёрирасон, ки дар нақшаи генералӣ пешбинӣ шудааст, таҳия карда шуда, аз экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ гузаронида шуданд.

Масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд вобаста ба маҳал лоиҳаи заруриро интихоб намуда, барои дастрас намудани лоиҳаи кории беморхонаи сироятӣ барои 30 ҷой ба КВД “Лоиҳакаш” (шаҳри Душанбе, кўчаи Ш.Ҳусейнзода, 34 ошёнаи 4, телефонҳо: 227-78-00, 227-78-44) муроҷиат намоянд. Масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд вобаста ба маҳал лоиҳаи заруриро интихоб намуда, барои дастрас намудани лоиҳаи кории беморхонаи сироятӣ барои 50 ҷой ба КВД “Пажўҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ” (шаҳри Душанбе, кўчаи Ш.Ҳусейнзода, 34 ошёнаи 3, телефонҳо: 227-77-60, 227-77-61) муроҷиат намоянд.

Пас аз интихоби лоиҳа ҷойгиронии иншоот дар маҳал тибқи тартиби муқарраргардида бо дастрасии хулосаи ҷустуҷӯҳои геологию топографӣ аз ҷониби фармоишгар тавассути корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш”-и Кумита, ки дар шаҳру ноҳияҳо фаъолият менамоянд, амалӣ карда мешавад.

Барои дастрасии маълумоти иловагӣ шахсони масъул метавонанд ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш.Ҳусейнзода, 36, бо телефонҳои 223-02-00, 227-36-59, почтаи электронии info@tajsohtmon.tj ва ё сомонаи www.tajsohtmon.tj муроҷиат намоянд.

Лоиҳаҳо
  • Лоиҳаи иншоот

    Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП1059, бандҳои 4 ва 7 нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2018, №5 ва Протоколи ҷаласаи...

  • Лоиҳаҳои намунавии меҳмонхона

    Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 27 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои...

  • Лоиҳаҳои намунавии биноҳои истиқоматӣ

    Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сохтмони биноҳои на кам аз панҷошёнаи истиқоматӣ дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 21 июни соли 2018...

 
Суратнигор
Видеомаводҳо

БАРНОМАИ МЕЪМОР 9 ТЕАТРИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН БАРОИ 4,5 ХАЗОР ЧОЙИ НИШАСТ БУНЁД МЕШАВАД

"БАРНОМАИ НИЗОМИ ИТТИЛООТИИ ИДОРАВИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОНӢ"

ГИРИФТАНИ ИҶОЗАТНОМАИ ФАЪОЛИЯТИ СОХТМОНӢ ОСОН ГАРДИД

Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ
-----------------

"БОЗОРИ КОРВОН" БАЪДИ НАВСОЗИ ИН ГУНА МЕШАВАД

Ифтитоҳи боғи “Дунёи афсона” дар шаҳри Душанбе 19.03.2018

Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар ИДМ
Эълон, реклама, озмун
Сомонаҳо

                   

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво