Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Навидҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
22 фев 2019, 13:38
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қобилияти таъмини оромию ҳаёти осоиштаро доранд,-бардошт аз ҷамъомади тантанавӣ дар қисмҳои низомии ноҳияи Фирдавсӣ
Дар қисми низомии 01-23-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ бахшида ба 26-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад инчунин сарбозону афсарони қисмҳои низомии 01-21-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ...
-
22 фев 2019, 10:17
Рустами Эмомалӣ «Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе»-ро таъсис дод
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе» таъсис дода шуд. Тавре аз раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, мақсади таъсис додани фонди мазкур татбиқи...
-
21 фев 2019, 13:40
Ангораи «Наврӯз – 2019» тасдиқ шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соли 2019 ангораи Ҷашни байналмилалии Наврӯзро тасдиқ намуданд. Ангораи мазкур намуди доирашакл дошта, дар мобайни он кураи замин, аз ду тарафи он Парчами миллӣ ва пайки баҳор — суманак,...
-
21 фев 2019, 10:41
Ширкати «Светал»-и Россия дар Тоҷикистон корхонаи муштарак таъсис хоҳад дод
19 феврал дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии мудири ширкати «НПО Светал» -и шаҳри Барнаули кишвари Олтойи Федератсияи Россия Иван Алексеенко бо намояндагони корхонаю ширкатҳои аъзои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид....
-
21 фев 2019, 10:38
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҷумҳурӣ мусобиқаҳои оммавӣ – варзишӣ доир мегарданд
Бахшида ба 26–умин солгарди Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали соли равон дар ҷумҳурӣ баргузории 521 мусобиқаю барномаҳои оммавӣ – варзишӣ дар назар аст. Дар ин бора мутахассиси пешбари бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати...
Лоиҳаи иншоот
Ба диққати масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорон ва шахсони дигари воқеию ҳуқуқӣ!
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП1059, бандҳои 4 ва 7 нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2018, №5 ва Протоколи ҷаласаи назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 майи соли 2018, №2к/39-24 бо мақсади ба ифтихори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ҳар як деҳу маҳалли аҳолинишини мамлакат, лоиҳаҳои намунавии бинои синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳи тиббӣ, бинои маркази саломатӣ, таваллудхона, боғчаи кӯдакон, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, сехи дӯзандагӣ, коргоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ, дигар корхонаҳои истеҳсолӣ ва майдончаҳои варзиширо таҳия намудааст.
Муфассалтар...
Ҷиҳати интихоби лоиҳаи намунавӣ масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорон ва шахсони дигари воқеию ҳуқуқӣ метавонанд вобаста ба маҳал лоиҳаи заруриро интихоб намуда, барои дастрас намудани лоиҳаи кории он ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
Ҷойгиронии бинову иншооти интихобшуда дар маҳал тавассути корхонаҳои фаръии Корхона воҳиди давлатии “Лоиҳакаш”-и Кумита, ки дар ҳар як шаҳру ноҳияҳо фаъолият менамоянд, амалӣ карда мешаванд.
Ҳамзамон, лоиҳаҳои иншооти зикршуда бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст.
Барои дастрасии маълумоти иловагӣ шахсони масъул метавонанд ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш.Ҳусейнзода, 36, почтаи электронии info@tajsohtmon.tj ва ё сомонаи tajsohtmon.tj муроҷиат намоянд.
Лоиҳаҳои намунавии биноҳои истиқоматӣ
Ба таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сохтмони биноҳои на кам аз панҷошёнаи истиқоматӣ дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 21 июни соли 2018, №335 ба таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва иштирокчиёни фаъолияти шаҳрсозӣ мерасонад, ки таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ва лоиҳавӣ, сохтмони биною иншоот дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо мувофиқ ба талаботи қарори мазкур бо истифода аз санъати шаҳрсозии миллию муосир ва масолеҳи босифати сохтмонӣ бо сифати баланди меъморӣ ва сохтмонӣ бояд амалӣ карда шавад.
Муфассалтар...
Бо ин мақсад Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои намунавии биноҳои истиқоматии 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11 ва 12 ошёнаро пешниҳод менамояд.
Ҷиҳати интихоби лоиҳаи намунавӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва иштирокчиёни фаъолияти шаҳрсозӣ, соҳибкорон ва шахсони дигари воқеию ҳуқуқӣ метавонанд вобаста ба талаботи маҳал лоиҳаи заруриро интихоб намуда, барои дастрас намудани он ба ташкилотҳои лоиҳакашӣ, ки лоиҳаи интихобшудро таҳия намудаанд, муроҷиат намоянд.
Барои дастрасии маълумоти иловагӣ шахсони масъул метавонанд ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш.Ҳусейнзода, 36, почтаи электронии info@tajsohtmon.tj ва ё сомонаи www.tajsohtmon.tj муроҷиат намоянд.
Тоҷикистон - Душанбе (Time-Lapse/Hyperlapse)
Ифтитоҳи Боғи фарҳангу фароғатӣ ба номи Садриддин Айнӣ баъд аз азнавсозӣ
Ифтитоҳи боғи “Дунёи афсона” дар шаҳри Душанбе 19.03.2018
Тоҷикистон - Душанбе
|
Қурб
| Харид
| Фуруш
| БМТ |
| 9,4200
| 9,4300
| 9.4200
|
| 10,9500
| 11,0000
| 10.9715
|
| 0,1495
| 0,1505
| 0.1512
|
|
|
Суроға:
734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,
Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33
Факс: +992 (37) 223-02-00,
Е-mail: info@tajsohtmon.tj
|