20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳафтаи ҷаҳонии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон

1287
Ҳафтаи ҷаҳонии соҳибкорӣ- 2015 (ҲУС-2015) дар Тоҷикистон аз 16-ум то 20-уми ноябр баргузор мегардад. ҲУС-2015 бузургтарин чорабинӣ дар ҷаҳон барои навоварон ва стартаперҳое мебошад, ки барои рушди иқтисодӣ ва некӯаҳволии инсон ғояҳои навро дар амал татбиқ мекунанд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Палатаи савдои Амрико дар Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Хазинаи Авруосиё дар Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон ташкил мешавад.
Чорабинии аввали расмии Ҳафтаи ҷаҳонии соҳибкорӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Соҳибкорӣ - нигоҳи инноватсионӣ ба рушди иқтисодиёт” мебошад, ки рӯзи 16-уми ноябр дар шаҳри Хуҷанд оғоз гардид.
17-уми ноябр Ҳафтаи ҷаҳонии соҳибкорӣ дар пойтахти Тоҷикистон оғоз меёбад. Дар Гӯшаи амрикоӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе видеоконфронси интерактивӣ бо Сергей Грибов-соҳибкор дар соҳаи технология ва сармоягузорӣ, муассиси шумораи зиёди стартап-лоиҳаҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Исроил ва Русия мегузарад. Ҳамзамон пахши видеоконфронс дар гӯшаҳои амрикоӣ дар шаҳрҳои дигари мамлакат: Хуҷанд, Панҷакент, Исфара, Ғарм, Кӯлоб, Қурғонтеппа, Хоруғ ва Мурғоб гузаронида мешавад.
Чорабиниҳои асосӣ дар доираи Ҳафтаи ҷаҳонии соҳибкорӣ 18-уми ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мегарданд.
Қисми асосии ҳафта форуми байналмилалӣ барои соҳибкорон «Соҳибкорӣ - нигоҳи инноватсионӣ ба рушди иқтисодиёт» мебошад.
Дар форуми мазкур муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, аъзои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кордори Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хонум Лесли Ҳэйден, Сафири Британиёи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳю Филпотт, мушовири калони Департаменти давлатии ИМА оид ба масъалаи соҳибкории ҷавонон хонум Ванесса Бери, менеҷери минтақавӣ оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва давлатии ширкати “Google” дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором Алекс Лонг, директори кулли ширкати “EGI Development” хонум Карин Шипман сухан мекунанд.
Директори Ҳафтаи ҷаҳонии соҳибкорӣ Дэниел Заретски экосистемаи Ҳафтаи ҷаҳонии соҳибкориро, ки дар саросари ҷаҳон фаъолият дорад, муаррифӣ мекунад.
Худи ҳамон рӯз аз ҷониби созмони байналмилалии “CESVI” мизи мудаввар дар мавзӯи “Ҳунармандӣ дар Тоҷикистон: рушди устувор ва ҳамаҷониба” баргузор мегардад, ки дар он маркази ҳунармандии маҷмааи «Наврузгоҳ» пешкаш мешавад.
Рӯзи панҷшанбе, 19-уми ноябр, дар доираи Ҳафтаи ҷаҳонии соҳибкорӣ сабақҳои ихтисосӣ аз ҷониби коршиносон гузаронида мешаванд.
Аъзои Палатаи савдои Амрико рӯзи охирини Ҳафтаи ҷаҳонии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ташрифҳои таълимӣ ба идораҳо ва иншооти саноатиро ташкил менамоянд. Хазинаи Авруосиё дар Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон ташрифҳои омӯзиширо ба ташкилоти “Tcell”, “Coca-Cola Тоҷикистон”, “FINCA Тоҷикистон” ва “Sheraton Hotel Dushanbe” ташкил мекунад. Ҳадаф аз он шинос намудани донишҷӯён бо фаъолияти ширкатҳои байналмилалӣ мебошад.
Ҳафтаи ҷаҳонии соҳибкорӣ бо баргузор шудани форуми занон, ки аз ҷониби Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон ташкил мешавад, ба итмом мерасад. Форум дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе бо ширкати коршиносони байналмилалӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Дар форум намоишгоҳи маҳсулоти ҳунармандӣ, агросаноатӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ташкил мешавад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво