27 май 2018, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Паёми Пешвои миллат умеду боварї ба фардои нек аст

65
Паёми Пешвои миллат умеду боварӣ ба фардои нек аст
Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав-терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод мегардад. Ин нуктаро Мализода Баҳром директори ҶСК "Саноатсоз" дар маҷлиси муштараки бо ҶСК "Корезлоиҳа" баён дошт.
Паёми Пешвои миллат умеду боварӣ ба фардои нек аст
Номбурда дар идома қайд намуд, ки ҳар як Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дили мардум ба фардои нек умеду боварӣ мебахшад.
“Паёми Президенти кишвар роҳнамо ва қутбнамои инкишофи ҷомеа ва тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ барои як соли оянда мебошад. Ҳар як нуктаи Паёми имсола ба боз ҳам беҳтару шоиста намудани зиндагии халқи Тоҷикистон бахшида шуда, бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки шиори Пешвои миллати мо таъмини зиндагии арзандаю шоиста ва некуаҳволии мардум буд ва мемонад” – илова намуд Мализода Б.
Паёми Пешвои миллат умеду боварӣ ба фардои нек аст
Худойдодов Назар директори ҶСК "Корезлоиҳа" ишора намуд, ки ба таъбири Пешвои миллат сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Ба таъкиди ӯ яке аз нуктаҳои қобили таваҷҷуҳ дар Паёми имсола он буд, ки соли 2018 аз ҷониби Пешвои миллат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Худойдодов Н. бо ҷонибдорӣ аз ин иқдоми неки Пешвои миллат гуфт, ки воқеан Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои имкониятҳои фаровони сайёҳӣ ба шумор меравад, ки бояд аз онҳо ба таври зарурӣ ва босамар истифода кард. Сарвари давлат бо таваҷҷуҳ ба ин масъала изҳор доштанд, ки воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрук ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шудаанд.
Паёми Пешвои миллат умеду боварӣ ба фардои нек аст
Холов Дӯстмурод сармуҳандиси ҶСК "Саноатсоз" дар тақвият ба суханони директори ҶСК "Корезлоиҳа" зикр намуд, ки Рушди соҳаи сайёҳӣ, инчунин, ба ғанӣ гардидани буҷети кишвар ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд. Дар кишвари мо барои рушди тамоми намудҳои туризм, аз қабили кӯҳнавардӣ, лижаронӣ, пиёдагардии кӯҳӣ, автомобилӣ, табобатӣ ва истироҳатӣ, шикорӣ ва тиҷоратӣ имкону захираҳо мавҷуданд.
– “Ман боварӣ дорам, ки бо дастгирии Сарвари давлат ин соҳаи басо муҳим мутобиқ ба шароити кишвари азизи мо - табиати зебо, обу чашмаҳои зулоли шифоӣ, кӯҳҳои сарбафалаккашида, зиёратгоҳҳои фарҳангию таърихӣ солҳои оянда ба манбаи хеле сердаромади иқтисоди Тоҷикистон мубаддал мегардад”, – қайд намуд Холов Д.
Обрӯю манзалати кишвари мо аз ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба об ва аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон шудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028» дар арсаи байналмилалӣ афзудааст – иброз дошт Сардори шӯъбаи кадрҳои ҶСК "Корезлоиҳа" Шомусаламова Ҳусния ва илова кард, ки имрӯз мо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ободкориҳои беназирро дида, дар умқи дил барои боз ҳам шукуфоии Ватани азизамон боварӣ эҳсос мекунем.

Дар фарҷоми ҷаласа ҳар як корманд вазифадор гардиданд, ки амалисозии иқдому ташаббусҳои неку созанда ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани дастовардҳои истиқлолият, тақвияти иқтидори иқтисодии давлат, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободии Ватани азизамон бо роҳи ҳарчи зудтар расидан ба ҳадафҳои стратегии миллиамон қарзи фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандии худро дар назди халқ ва давлати Тоҷикистон содиқонаву софдилона иҷро намоянд.
Неъмат Раҳмат,
Мухбири “РБ”







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво